БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии Аксияи «Якҷоя хал мекунем!» дар маҳал идома дорад

ПАНҶ. Чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ ва маърифатии маҳаллаи Гулобод 1-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат таҳти шиори «Мо якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Носиров Ёғибек, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Атавуллоева Зебунисо ва сармутахассиси шуъбаи маънавиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Комилов Сироҷиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аввалан, Носиров Ёғибек  чорабиниро оғоз намуда,  ба ҳамагон мақсад ва мароми баргузории ин гуна чорабиниҳои сиёсиро шарҳ дода, қайд намуд, ки роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва дар ин росто ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум, сафарбар кардани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.

Дар идома Шомаҳмадзода Музаффар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», “Тарроҳи беҳтарин”, «Маликаи Хатлон», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин муаррификунандаи мавеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ»  андешаронӣ  намуд.

Ҷиҳати татбиқи Аксияи ҳизбии  мазкур бо тасмими  сокинони маҳал дар баргузории ин чорабинӣ тӯи сунатии 3 нафар дӯстрӯякон роҳандозӣ гардид. Ҳамчунин,  2 километр роҳи мошингарди маркази маҳалла низ сангфарш карда шуд.

Комилов Сироҷиддин зимни баромадаш оид ба хавфу хатари терроризму эктремизм, ки аз тарафи гурӯҳҳои террористии ба монанди гурӯҳи 24, ТЭТ ҲНИ ва ғайраҳо, ки  ба Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистон азизу маҳбуби мо  таҳдид менамояд, суханронӣ намуд. Дар идома аз ҷавонони маҳал даъват ба амал овард, ки нисбати  гурӯҳҳои террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъ ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ  эҳтиёт бошанд. Зиракии сиёсиро аз даст надода, нисбати хатарҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ вокуниш нишон диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg