БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба бедор шудани завқи ҷавонон мусоидат намуда истодааст

НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтмидоии “Гулистон”-и кӯчаи ба номи Мирзораҳим Исмоилови шаҳри Норак бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувони ҳунарманду хушсалиқа ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни вохӯри раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда, қайд кард, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситон аст. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки баҳри иҷрои супоришҳои Пешвои миллат кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз имрӯза дида хубтару беҳтар созем.

Инчунин дар идомаи суҳбат мавсуф моҳияти озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Маликаи Хатлон”, “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеҳои сайёҳӣ”, ки шаҳри Норак  макони ҷойҳои таърихиву мавзеъҳои сайёҳист, ба ҷамъомадагон фаҳмонида, онҳоро барои иштирок ва дарёфти ҷойҳои намоён даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg