Дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар бо иштироки аъзои Раёсат, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, мудирони шуъбаҳо ва кормандони сохторҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис оид ба вазъи молиявии сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар марҳилаи имрӯза ва роҳҳои афзоиш додани он, рафти иҷроиши обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст маҷлисро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода кушода, аз рӯи масъалаи якум ба мудири шуъбаи молиявӣ ва хоҷагидорӣ-сармуҳосиби Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидаъзам Шомуродзода сухан дод.
Аз рӯи масъалаи дигар муовини раис- роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Неъматуло Иброҳимзода маърӯза намуда, вазъи иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбиро шарҳ дод.
Дар идомаи кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзада Абдулло Қурбоналӣ раванди кори сохторҳои ҳизбиро таҳлил намуда, масъулонро вазифадор намуд, ки корро дар самти риояи интизоми дохилиҳизбӣ, амалӣ намудани механизми таблиғотӣ ва аксияву озмунҳои ҳизбӣ тақвият бахшида, камбудиҳои ҷойдоштаро саривақт бартараф намоянд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои иҷро ба Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуданд.