БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бонкдорон дар аксияву озмунҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок мекунанд

КУШОНИЁН. Дар асоси нақша чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асроров Саидшо дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Мавсуф дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз қабили аз байн бурдани таассуби диннӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсади ҳифзи ҳувияту асолати миллӣ, ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ  бо мақсадӣи пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи  нодурусти он, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия  бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикорупсионӣ дар онҳо, фаъол гардонидан аҳолӣ  дар самти мубориза  ба нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун зуҳуротӣ  хатарзо  ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи  шаҳрвандон андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар идома  моҳияти  озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияиҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “Мактаб-даргоҳи маърифат” ба дарки ҷомеа расонида шуда, ва барои  дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созавндаи ҲХДТ даъват ба амал оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg