БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон дар самти пешгирӣ аз хурофоту таассуб фаъоланд

КӮЛОБ. Бо аъзо ва чонибдорони ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мададгор» вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мададгор» Сабуров Зоиршо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар хониши сиёсӣ аз ҷониби ҳозирин зикр гардид, ки таассуби динӣ навъе аз ҳолати рӯҳию равонии шахсест, ки бар эҳсосот асос дорад, на ба ақл, аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризм гаштааст. Чи тавре  ки маълум аст, дин аз ҳама нуқтаи ҳасоси ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад ва бо дарки ин, нахустҳуҷуми гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа  бо мақсади шикасти рӯҳияи давлатдории миллӣ равона карда шудааст. Инчунин, гуфта шуд, ки дар ҳамаи давру замон омили боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ин хуруфот ва таассуби динӣ мебошад.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки дар шароити имрӯза, ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таблиғи хурофоту таассуби динӣ ва мазҳабӣ, ки дар қолаби таълифоти бузургони исломӣ низ манзур мегардад, худдорӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg