ЁВОН. Дар деҳаи Қамбарии ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хуҷақамбар» ташкил ва баргузор гардид. Дар воқеъ дар ҳар як маҳалла ва ё деҳае, ки чорабиниҳо роҳандозӣ карда мешаванд, занону бонувони ҳунарманд хушнудӣ намуда, эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣро давоми ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан-модари тоҷик арзёбӣ менамоянд.
Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.