БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қонуни танзим – баракат дар рӯзгорӣ мардуми мост!

ВОСЕЪ. Дар деҳаи дурдасти Қудуқи ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳа бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар  вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила иштирок ва баромад намуда, оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ба сокинон маълумоти муфассал дода,  қайд, намуд, ки риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарзи шаҳрвандии мову шумо маҳсуб меёбад. Агар мо хоҳем, ки дастархони пурфайзу баракат дошта бошем, агар хоҳем, ки сулҳу субот дар ҳар як хонадони мо ҳукмфармо бошаду қашшоқиву камбизоатӣ аз байн равад моро зарур аст, ки ҳама даст ба як шуда, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, қонуни номбурдаро  риоя намоем.

Дар идома дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, ки зимни баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ чанде аз ҳунармандон деҳа   иброз намуданд, ки масъулияте, ки бар дӯши мо гузошта шудааст, софдилонаву содиқона онро иҷро намуда, баҳри ободӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон саъю талош хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg