БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳимоятгару тарғибгари дастовардҳои беназири Истиқлолият

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии                                  «Омор» бо кормандон хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, Азизова Сабоҳат дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда,  ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои  созандаи  ҲХДТ, ки ба  рӯзгори  босаодати мардум ва ободиву шукуфоии Ватан равона гардидааст, даъват ба амал овард.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф  оид ба дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо заҳмату талошҳои  Пешвои миллат ва мардуми меҳнатдӯстӣ тоҷик ба даст омадааст, ибрози андеша намуда,  ҳамагонро барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg