БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» ба рушди иқтисодиёти кишвари мо ва ободии сайёра нигаронида шудааст

ПАНҶ. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати боз ҳам густариш  бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби васеъи сокинон дар амалӣ намудани ҳадафу  мақсад ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ чорабинии сатҳи баланди сиёсӣ таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои рушди устувор -даҳсолаи иқдомҳои наҷиб» баргузор гардид.

Чорабинии сиёсӣ дар маркази ноҳия баргузор гардида, дар он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва сокинони шаҳрак иштирок намуданд.  Ба ҳайати меҳмонон, ки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон шомил буданд,  иштирок ва суханронӣ  карданд.

Файзиев Каримҷон зимни баромад оид ба ҳадафҳои  Даҳсолаи  байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаронӣ намуда, қайд кард, ки об  ва захираҳои он дар Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи  то соли 2030 яке аз ҷойҳои калидиро ишғол кардааст. Бо мақсади танзими ҳадафу вазифаҳое, ки ба захираҳои он  вобастаанд, ҳоло дар мамлакат  лоиҳаи стратегии миллии об барои то соли 2030 таҳия шуда истодааст.

Татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ амал «Об барои рушди устувор», ки бо чорумин иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, аз тарафи ҳамаи кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфта, расман оғоз гардид. Дастгирӣ ёфтани ин ташаббуси арзишманди Тоҷикистон ин шаҳодат аз он медихад, ки  то чӣ андоза Сарвари  давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба об асоси ҳаёт ва зиндагии башарият  ва истифодаи самараноки он, дастгирии кулли мардуми сайёра  бо оби тоза  аҳамияти ҷиддӣ  медиҳаду нисбати  сокинони сайёра ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Шарифзода Марям намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни суханронӣ атрофи  падидаҳои номатлуби ҷомеа ба мисли терроризму экстремизм, коррупсия, мубориза бар зидди нашъаманидию нашъаҷаллобӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон ибрози андеша  намуд.

Ҷиҳати роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя хал мекунем!» тӯи суннатии  6 нафар дустрӯякон  баргузор гардида, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ноҳия ба онҳо туҳфаҳои  хотиромон  тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ба ду оилаи ҷавон шаҳодатномаҳои ақди никоҳ  ва  ба  4 оилаи маъюби тобеъи шаҳрак  кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд.

Дар идома ба якчанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия барои фаъолияти босамари худ ва иштироки фаъолона дар корҳои сиёсию ҷамъиятии ҳизбӣ бо  сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сафароз гардонида шуданд.

Барои хотирмон гузаронидани чорабинӣ мардуми ҳунарманди ноҳия маҳсули заҳмати худро, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд, ба маърази тамошо гузошта буданд. Маҳсули ҳунарҳои мардумӣ аз намудҳои гуногуни гулдӯзию сӯзанӣ, қуроқдӯзию  деворӣ, муҳрабофию ҷӯроббофӣ, гаҳвораю асбобҳои дуғкашӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои оҳангарӣ, аз қабили досту каланду  корд ва анвоҳои гуногуни хӯрокҳои миллии хоси тоҷикона иборат буданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg