БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии чорабиниҳои ҳизбӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ободии маҳали зист мусоидат намуд

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон- ҳизби  созандаю  бунёдкор  ин навбат  ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи ҷавонон  барои  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ   дар маҳаллаи Навободи ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи ноҳияи  Носири  Хусрав бо  иштироки  васеъи  сокинон  мулоқот баргузор  гардид.

Мулоқотро раиси   Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия Алиева  Сураё  ифтитоҳ  намуда,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияи озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба мардум фаҳмонид.

Масъулин қайд доштанд, ки дар заминаи умедвориҳои Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар  ин  робита  ба  рушди  корҳои  хонагӣ,  косибӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани  фарҳанги  миллӣ, ҳифзи суннату  анъанаҳои  неки ниёгон, раҳоӣ ёфтан  аз  бегонапарастӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву  муосири  халқро  ба  роҳ  монда,  ҷалби  ҷавонон  ба  касбу  ҳунарро  ривоҷ диҳем, инчунин   ҳалли  масъалаҳои  бекориро  дарёфт  менамоем.

Сокинони  маҳалла   иқдом  гирифтанд, ки дар партави Аксияи номбурда атрофи маҳалли зисташон ва  ҷӯйҳои  дохили   деҳаро  тоза  намуда,  дар  таъмиру  азнавсозии   бинои  муассисаи  таълимии  № 16  саҳми худро  мегузоранд.   

Аз  ҷониби  сокинон  ҳунарҳои  мардумӣ  ва намоиши хӯрокҳои  миллӣ, гилембофию, зардӯзӣ  ва намоиши  маҳсулоти  кишоварзиро ба  маърази  намоиш  гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg