БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модарон ҳунарҳои мардумиро ҳифз намудаанд

МӮЪМИНОБОД.  Дар деҳаи  Чарги калони ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳа бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИТ ва гуруҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мавриди барраси қарор дода шуд. Инчунин  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони деҳа аз кабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg