БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум аз моҳияти озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» огоҳ гардидаанд

ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Муассисаи давлатию нигоҳдори роҳҳои автомобилгард»-и шаҳр хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи ҲХДТ Назарова Фароғат, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Валиев Суҳроб иштирок карда,  оид ба сарфаю сариштакорӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатарҳои терроризму эксремизм бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, аз паёмадҳои хатаровари гурӯҳҳои ифротии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо онҳо андешаронӣ намуданд.

Инчунин, масъулин ба ҷамъомадагон моҳияти озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро фаҳмонида, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа давъат карданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg