БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд

ДӮСТӢ.  Дар толори маҷлисгоҳи Маркази ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ бо  ҷавонони фаъоли ноҳия, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” хониши сиёсӣ баргузор гардид. 

Зимнан хониши  сиёсиро сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Холов Маҳмадюнус ҳусни оғоз бахшида, мақсади баргузории  ҷамъомадро ба иштирокдорон фаҳмонид.

Баъдан  и.в.раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов оид ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти  озмунҳои ҳизбӣ,  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ намуда,  мақсаду ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро ба иштирокдорон фаҳмонид. 

Инчунин,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти кумитаи иҷроия Абубакр Ҷалолов оид ба пешгирии  гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, вожаи экстремист-терроризм ва ҳиллаву найрангҳои гуруҳҳои ифротӣ сухан карда, ҷавононро ба корҳои созандагиву  ободонӣ, идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар, ихтирооту навоварӣ, ки ба пешрафту тараққиёти Ватан мусоидат хоҳад намуд, ҳидоят кард.  

Дар идома чанде аз  ҷавонони фаъол баромад намуда, қайд карданд, ки мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ зиракӣ ва ҳушёриро аз даст надода, намегузорем, хоинони давлату миллат дар дохили кишвари мо лона гузошта, мақсадҳои нопоку ғаразноки худро амалӣ созанд. Мо ҳамеша дӯстори Ватану миллат, ҷонибдори сиёсати оқилона ва пешбарандаи Сарвари давлат мебошем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамчун ҳизби ҳукмронӣ сиёсӣ, пешбарандаву ғолиб ва адолатпарвар, сулҳпарвару роҳнамосоз ҳисобида, онро ҳаматарафа ҷонибдорӣ хоҳем намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg