БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон масъули ҳифзи саломатии сокинон ҳастанд

ДАНҒАРА. Дар  доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ”, “Беморхонаи марказӣ” ва “КАТС”-и ноҳияи Данғара чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тибб  баргузор кардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок намуд. Мавсуф кормандони соҳаро аз номи кулли ҳизбиён ба иди касбиашон табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки соҳаи тандурустӣ аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мадди назари давлату Ҳукумат ҳамчун самти афзалиятнок шуморида шуда буд. То кунун бобати хизмати босифат расонидан ба эҳтиёҷмандон дар мамлакат шароитҳои сатҳи олӣ фароҳам оварда шудааст, ки ин самараи Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати сари вақт ва босифат расонидани кӯмак ба беморону эҳтиёҷмандон ниҳоят фаъол ҳастанд ва воқеан онҳо ворисони асили Ибни Синои бузург будани худро дар фаъолияти рӯзмараашон исбот намудаанд.   

Ҳамчун рамзи қадрдонӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи самараноки самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, роҳбарони муассисаҳои бо туҳфа ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg