![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20180820_102714.jpg?itok=0EJwAAIN)
ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қадршиносӣ ва дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону маъюбон ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар арафаи иди Қурбон ба 5 нафар маъюбони ҷамоати шаҳраки Вахш ба миқдори 200 сомонӣ дар маҷмӯъ 1000 сомонӣ кӯмаки яквақта расонид.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, соҳибкорону шахсони хайрхоҳу ватандӯсти ноҳия иқдоми созандаи хешро дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ ба роҳ монда ба аёдати маъюбону беморон рафта, ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа кӯмак мерасонад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ созад.