БАЛҶУВОН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон мизи мудаввар таҳти шиори «Мубориза бар зидди терроризму экстремизм шиори ҳар як ватандор аст» бо иштироки ҷавонони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Зимнан роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Муродова Марҷона оид ба терроризму экстремизм, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав, ки ба оромии сиёсии давлатамон халал ворид менамоянд, баромад намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар шароити имрӯзаи геополитикии ҷаҳон бархурди манфиатҳо ва мураккаб гардидани муносибатҳои байниминтақавӣ авҷ гирифта истода, маҳз надоштани таҳкурсии маърифати динӣ ва дунявӣ, арзиши миллии фарҳангӣ, худшиносии шаҳрвандӣ, садоқатмандӣ, ватандӯстӣ, шомилшавӣ ва таассуби ҷавонони Тоҷикистонро ба равияҳои бегонаи тундрав ба миён меоранд.
Дар идомаи мизи мудаввар чанде аз ҷамъомадагон фикру ақидаҳояшонро иброз намуда, баён доштанд, ки танҳо муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризм ва экстремизм метавонад, барои решкан ва аз байн бурдани гурӯҳҳои манфиатҷӯ заминаи самарабахш гузорад.
Ақидаву андешаҳо дар баҳси мизи мудаввар оид ба мавзӯъҳои болозикр аз тарафи иштирокчиён гуногун буданд, вале ҳама дар охир ба хулоса омадаанд, ки мо якҷоя дар ҷомеа саҳми арзандаи худро дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон дар роҳи дуруст, дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, гиромидошти арзишҳои милливу фарҳангӣ саҳмгузор бошем.