![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/Screenshot_2018-08-16-11-58-10.png?itok=MJ1sNKc4)
ВАХШ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Вахш дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии "Пахтакор-1" - и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи “Огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо" доир карда шуд.
Нахуст Нуралиева Мадина ба сухан баромада, қайд намуд, ки имрӯзҳо ин қабил гурӯҳҳо бо ҳар гуна роҳу восита мехоҳанд вазъи кишварамонро ноором сохта, тавассути барангехтани кинаву адовати разилона миёни миллати сарбаланди тоҷик шӯру низоъро ба миён оваранд.
Инчунин, мавсуф дар ин раванд атрофи иқрори амалҳои террористии Аёмиддин Сатторов, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш карда шуд, андешаронӣ намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати пешгирӣ аз чунин ҳодисаву амалҳои террористиву экстремистӣ, назорати ҷиддӣ зоҳир намудани волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас, алалхусус ҷавонон даъват ба амал овард.