БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар синаҳои кӯҳсор, чун шир оби чашмасор…

ШАҲРИТУЗ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти ба номи  Худойназар Холматови   ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира  ҷиҳати амалигардонии нақшаи кории намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»   Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор гардид.

Дар Аксияи ҳизбӣ  аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  иштироки фаъолона намуданд.

Зимнан Абдуллоева Шоира  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, онҳоро барои сарфакорнаву сарфаҷӯёна истифода бурдани оби ошомиданӣ, расидан ба қадри заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар пешрафту ободии Ватан  ҳидоят намуд.

Дар охир ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотии  ҳизбӣ  дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg