ФАРХОР. Бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири тақвият додани робита бо маҳал масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иқдоми нек пеша намуда, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Давлатобод» чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ доир намуданд.
Дар ин чорабинӣ сокнони деҳаи Давлатободи ҷамоати деҳоти Гулшан намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар ҳунару маҳсулотҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳамчунин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Раҳмонов Далер дар назди ҳозирин баромад намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ кард.
Дар рафти чорабинӣ мутрибону санъаткорон консерт барпо намуда, табъи сокинони деҳаро болида карданд.