ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, инчунин вусъат бахшидани робита бо маҳал дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Танобчии мобайни ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик вохӯрии нақшавии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинон баргузор гардид.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ ва баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои кишоварзон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ кард.
Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокинони деҳа Баёнова Меҳринисо ва Қурбонов Тоҳир вобаста ба хониши сиёсӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои кишоварзон андешаҳои худро баён карданд. Дар идома иштирокдорон дастовардҳои ҳунарии худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ Раҷабзода Маҳмадсаид ҳозиринро даъват намуд, ки ҳунарҳои мардумиро боз ҳам ривоҷу равнақ диҳанд.