![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/4_8.jpg?itok=5vGk0jjh)
КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кумаки иҷтимоӣ дар хона» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир ба хатарҳои терроризм ва экстремиз хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин андешароннамуд, ки ҳамагуна хатарҳое, ки барои пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид мекунанд, бояд мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор дода шавад, зеро истиқлолият дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тӯли ҳазорсолаҳо шабеҳ надорад. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо минтақаҳои гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва зиддиятҳои байни миллатҳо фаро гирифта истодааст, ки албатта метавонанд дар самти зуҳуроти ҷинояткории муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм заминаҳои бештар фароҳам созад.
Дар навбати худ роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумаки иҷтимоӣ дар хона” Абдуллоев Файзулло гуфт, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем.