БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ барои беҳбудии рӯзгори мардум ва ободии Ватан равона карда шудааст

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли xорӣ дар деҳаи Гулистон xамоати деҳоти ба номи Худойназаров Холматови ноҳияи Шаҳритуз  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва чавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ бо аҳолӣ ва ҳизбиён атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ  ва чорабинӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимнан Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки барои беҳбудии рӯзгори мардум ва ободии Ватан равона карда шудааст, муфассал андешаронӣ намуда,  барои ташкили намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар он маҳсули заҳмати ҳунармандони деҳа ба намоиш гузошта шуда буданд,  изҳори миннатдорӣ баён карда, ҳунармандони чирадасту хушзавқро барои боз ҳам рушд додани касбу ҳунарҳои миллӣ тавсияҳои муфид дод. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg