БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумиро ривоҷу равнақ бахшида, онро ба сарчашмаи даромади иловагӣ табдил медиҳем

ТЕМУРМАЛИК. Тибқи  ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, инчунин вусъат  бахшидани робита бо маҳал дар  деҳаи Шибанайи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинон баргузор гардид. 

Зимни мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид    оид ба   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ  кард.  

Дар ҷараёни мулоқот бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Турдиев Абдукарим, раиси маҳалла  Саъдуллоев Раҳматулло ва дастгирии сокинони маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои кишоварзон ташкил карда, ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Зимни  мулоқот  аҳли    сокинони деҳа тасмим гирифтанд, ки ҳунарҳои мардумиро минбаъд низ ривоҷу равнақ бахшида, онро ба сарчашмаи даромади иловагӣ табдил медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg