БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занону бонувони ҳунарманд ба озмунҳои ҳизбӣ даъват шуданд

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ  бо занону бонувони  ҳунарманду чирадасти ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳия чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Лола Сулаймсонова ва дигар шахсони давъатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан масъулин  аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки занону бонувони ҳунарманди ҷамоати нобмбурда ба намоиш гузошта буданд, аз наздик шинос шуда, ба ҳунару маҳорати  волои онҳо  баҳои баланд дода, барои боз ҳам  ривоҷу равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзонидани  касбу ҳунарҳо ба ҷавонону наврасон тавсияҳои судманд доданд.

Баъдан  Лола Сулаймонова дар назди  ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ намуда, занону бонувони ҷамъомадаро ба озмунҳои ҳизбии таҳти унвонҳои «Тарроҳи беҳтарин», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Маликаи Хатлон», ки бештари онҳоро  ҳунармандони хушзавқ ташкил медод,  даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg