БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат-бойгарии давлат аст

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил” бо кормандони соҳаи тандурустӣ  хониши сиёсӣ  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир намуданд.

Зимнан  хониши сиёсиро мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Қурбонова Малоҳат кушода, оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба шумор меравад, мутахассисони соҳа  дар тарғиби  тарзи ҳаёти солим байни аҳолӣ саҳми арзанда доранд, андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро  бо  иди касбиашон табрику муборакбод гуфт.

Дар идомаи хониши  сиёсӣ  масъулин  атрофи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи Аксияҳои тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти  унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “Мактаб даргоҳи маърифат”,  ки ба оғози соли нави хониш  роҳандозӣ карда шудааст,  баррасӣ намуда,  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро барои амалигардонии Аксияҳои ҳизбӣ  даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg