БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат барои ҳар яки мо роҳнамоест дар самти созандагиву бунёдкорӣ

А.ҶОМӢ. Дар доираи ҷадвали тасдиқшудаи баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сайроб»-и деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомаде, ки дар ташкилоти ибтидоии номбурда баргузор гардид, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Сунатулло оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баромад кард.

Ҳамчунон мавсуф ибрози ақида намуда зикр кард, ки дар воқеъ Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон барои ҷомеа ва дар алоҳидагӣ барои ҳар яки мо роҳнамоест дар самти созандагиву бунёдкорӣ ва хушбахтона бо инобати вазъи ҷомеаи фарҳангии кишвар Пешвои миллатамон, соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон  доштанд, ки ба манфиати кулли сокинони кашвари мост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg