БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таррануми ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи дубораи онҳо дар маҳал

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода бо сокинони маҳаллаи болозикр доир гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумии дастранҷи мардуми маҳалла ба намоиш гузошта шуда буд. Кӯдакони деҳа аз шодии ин чорабинӣ гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада, бо ҳамдигар шеъру сурудҳо мехонданду мерақсиданд, ки воқеъан ҳам ҷолиби диққат менамуд.

Дар рафти чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуданд.  

Дар фарҷоми чорабинии мазкур занони ҳунарманд ваъда доданд, ки соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулотҳои дастранҷи истеҳсолкардаашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар намуда, ҳунарҳои мардумиро эҳё хоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg