БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи мо расидан ба зиндагии шоиста мебошад!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «Хуросонсохтмон» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан Саидзода Раҳмон дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дастовардҳои бузурги  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда,  қайд дошт, ки истиқлолият ба мардум тоҷик озодиву  соҳибихтиёриро  фароҳам намуд. Маҳз ҳамон талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо  мо ба шароити хуби зиндагӣ расида,  дар  соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқ дар фазои сулҳу оромӣ кору фаъолият намуда истодаем.  Аз ин рӯ ҳар як фарди бедордилу худогоҳро зарур аст,  ҷавобан ба ғамхориҳои пурарзиши Пешвои миллат  софдилона ба халқу давлат  баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани соҳибистиқлоламон  саҳмгузор бошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg