БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини амнияти озуқаворӣ-ҳамчун ҳадафи стратегӣ

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Иттиҳоди ҷамоати деҳоти Лолазор хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримов Пирмаҳмад иштирок намуда, доир ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, риояи талаботи қонунҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ,  амнияти озуқаворӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ иброз дошт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар қатори се ҳадафи асосии стратегӣ қарор дода шудааст. Барои ба ҳадафи мазкур расидан меҳнати софдилона, содиқона ва сарфакоронаю самараноки мову шумо яке аз омилҳои асосӣ гардида метавонад. Дар тақвияти гуфтаҳои боло аҳолӣ бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳар як ваҷаб замин ва имкониятҳои мавҷударо баҳри расидан ба ҳадафи мазкур равона менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg