ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи кормандони тиб дар толори Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Сараввал муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова ҳозиринро бо иди касбияшон табрик гуфта, аз комёбию дастовардҳои назарраси соҳа ҳарф зад ва қайд кард, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд. Аз ин хотир тазаккур бояд дод, ки давлату ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии коркунони тиб назари неку ояндабинона дорад.
Дар охир як қатор фаъолон, кормандони тиб, ки дар беҳдошти саломатии омма ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ сарфароз гардонида шуданд.