ВАХШ. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии рақами 56-и ноҳияи Вахш бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолон, ҷонибдорони ҲХДТ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия чорабинии таблиғотӣ дар бораи бавуҷудории тафаккури оштинопазирии аҳли ҷомеа нисбат ба коррупсия доир карда шуд. Дар рафти чорабинӣ Одилҷон Маҳмадов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар мавзӯъи "Муқовимат бо коррупсия" ба сухан баромада, қайд намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад. Мо бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем. Бо ҳамин мақсад зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт миёни мардум пурзур шуда,ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан, дар байни ҷавонон баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ аҳмияти ҷиддӣ зоҳир намоем.