БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Либоси мактабӣ ҳусни хонанда буда, ба толибилмон дастрас аст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Коргоҳи дӯзандагӣ» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида.  Дар он кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо роҳбарии раиси Кумимтаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ НаҷидуллоевТавакал  ба сухан баромада, оид ба фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки воқеан он сару либосе, ки миёни бонувони кишвар дар баъзе маҳалаҳои Тоҷикистон, хусусан дар деҳотҳо ва гоҳо дар шаҳрҳо ба бар мекунанд, ягона асолати милливу динӣ надорад. Ин ҳама тақлиди кур-кӯрона ва нобасомонии бонувон аст, ки реша дар ҷаҳолату нодонӣ ва ноогоҳӣ аз фарҳанги миллӣ доранд. Мо тоҷикон бояд либоси ягонаи миллӣ худро ба бар намудаамонро то абад нигоҳ дорем, чунки ба бонувони тоҷики мо ягона либоси милли худ атлас, адрас, чакан ва ғайра зебанда асту ҳусни онҳоро зеботар мегардонад. Дар ин коргоҳи дузандаги барои хонандагони муассисиаҳои таълимии ҳудуди шаҳр тибқи шартнома либоси мактаби омода карда сари вакт дастрас карда мешаванд. Масъулини коргоҳ иброз доштанд, ки либосҳои истеҳсоли худи аз матоъу ашёи хушсифат омода шуда нархи он нисбат ба бозорҳо арзонтар буда харидорони зиёд дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg