БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии мо дар дасти худи мост!

БАЛҶУВОН.  Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи дуюми соли 2018 атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  инчунин баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби террористиву экстремистӣ ва пешгирии воридоти хӯрокҳои пастсифат аз ҷониби соҳибкорон дар байни кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ноҳия хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Сараввал суҳбатро и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф кушода, оид ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, давлату ҳукумат ва дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ибрози андеша намуд.

 Баъдан мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳия Муродова Марҷона оид ба маҳсулотҳои пастсиффату ғизоҳои носолиме, ки дар мағозаҳо мавриди фурӯш қарор гирифтаанд, сухан намуда, қайд кард, ки дар ин самт  кори кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ноҳия номбурда боз ҳам ҷонноктар гардонида шавад. Ҳамчунин зикр гардид, ки мо дар якҷоягӣ бояд дар баробари дигар мавзӯъҳо дар байни сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳия оид ба маҳсулотҳои пастсифату ғизоҳои носолим суҳбату вохӯриҳо намуда, мардумро бори дигар аз ҳуқуқу уҳдадориҳояшон огоҳ намоем,  то ин ки ба хотири ҳифзи саломатии худу пайвандонашон сайю талош варзанд.

Дар охир мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  аз кормандони Маркази номбурда  даъват ба амал овард, ки дар вазифаи интихобнамудаашон содиқона ба давлату миллат хизмат намоянду назоратро аз болои сифати  маҳсулотҳои  воридшаванда пурзӯр намоянд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg