БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллат

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Қизилнамунаи ҷамоати деҳоти Навобод чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Соли тақвияти робито бо маҳал бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Х. Ҳакимзода бо сокинон доир гардид.

Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  муфассал баромад намуда, иброз доштанд, ки бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ миллати тоҷик метавонад, тамаддуну фарҳанги миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созад.

Пас аз суханрониҳои судманд масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони завқманди маҳалла ба намоиш гузошта буданд, дидан намуда, ба ҳунару маҳорати волои ҳунармандони чирадасту хушсалиқа баҳои баланд доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg