А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лоиҳакаш»-и назди Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста ба мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб гузаронида шуд.
Зимнан дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуда, иштирокчиёни вохӯриро барои сарбаландона истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки вазифаи асосии кормандони ҲХДТ ин ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа мебошад.