БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳми модарон дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

дар деҳаи Меҳргони ҷамоати шаҳраки  Бохтариёни ноҳия дар мавзӯъи "Саҳми модарон дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ"  ва вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Кушониён Сатторова Мунаввара иштирок дошта, оид ба сафарбар кардани сокинон бо сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерeи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳии сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари иртиҷоии  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ  дар роҳи мубориза ба онҳо  маълумот дод.

Дигар иштирокдорон қайд намуданд, ки халқи тоҷик дар ҳама давру замонҳо дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо дар ҳусни ҳамҷавории неку мусолиматомез зиндагӣ карда, ҳамеша аз сулҳу субот ва оромиву осоиш пуштибонӣ намудаанд, ки ин асл яке аз маромномаҳои асосии сиёсати хирандмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар кишвари мо осмони софу беғубор ва кабутарони сафеди сулҳ парафшонӣ мекунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg