БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Воқеъият ва ҳақиқат амалҳои зишту нопоки ТЭТ ҲНИ ба ҳама маълум шуд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази солимии репродуктивии №1” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва аъзои онҳо ба Истиқлолияти давлатӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази солимии репродуктивии №1” Раҳимова Марҷона иштирок ва баромад намуданд.

Мунаввараи Бозоралӣ қайд дошт, ки дар навори видеоӣ яке муассисон ва ташкилкунандагони ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ Сатторов Аёмиддин аз боби хиёнатҳои роҳбарону фаъолони ин ҳизби ифротӣ, ки дар тамоми бадбахтиҳои миллат даст доштанд, ошкорбаёнӣ карда, дар натиҷа воқеъият ва ҳақиқат ба ҳама боз возеҳу равшантар гардид.

Дар баробари ин Раҳимова Марҷона изҳор кард, ки имрӯз ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо, хусусан ТТЭ ҲНИ кӯшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ҷои пӯшида нест, ки экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ТТЭ ҲНИ аз он ташкилотҳои ифротие ҳаст, ки сӯистифода аз дини поки мубини ислом дар Тоҷикистони азизи мо мехоҳад мақсадҳои муғризонаи худро анҷом диҳад.

Иштирокдорон дар навбати худ амалҳои ТТЭ ҲНИ-ро зимни баромад қатъиян маҳкум намуда, кайд карданд, ки намегузоранд  нохалафе аз сӯи дур ба майдони ваҳдат ва саодти тоҷик санги ифротгароёна партоянд.

Ботантана дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg