БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҳизби созандаи мафкураи солим дар Тоҷикистон

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ниҳолпарвар” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин оид ба мафҳуми “экстремизм” ва “терроризм”, сабабу  омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни худ мепайванданд, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он ва пешгирии шомилшавии ҷавонон баромад намуд.

Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки бо барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омада, дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои давлатҳои абарқудрат  оид ба  тақсимоти ҷаҳон хело тезу тунд гардиданд.

Бо истифода аз ин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро  ҳама гуна усулҳо, аз ҷумла усулҳои экстремистиву террористӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна гурӯҳҳо даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зада, тавассути зӯрӣ ҳал намудани масъалаҳоро ихтиёр намудаанд. Дар гӯшаю канори гуногуни олам қариб кишваре ва ё минтақаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошанд. Махсусан дар даҳсолаи охир терроризм дар шаклҳои бадтарин зуҳур карда, бештар даҳшатнок гардидааст. Дар ин замина аз ыониби масъулин қайд гардид, ки ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии сиёсии Тоҷикистон нақши калиди дошта муҳофизи арзишҳои милли ва мафкураи солим дар ҷомеа аст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg