Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Манзили коммуналӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва дидан намудан аз ҳуҷҷатгузориҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок ва баромад намуданд.
Зимнан, қайдгардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд узви он мебошад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз мавҷудияти Стратегияи зикршуда ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
Дар ин росто таъкид шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шуда, дар ҷомеа омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро бартараф кунем.