КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи дил” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба маҳкумсозии амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи дил” Пӯлодов Равшан иштирок ва суханронӣ намуданд.
Валиева Саъбагул гуфт, ки воқеъият, адолат ва ҳақиқат ба ҳама маълум шуд. Тавассути Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва Мавлавӣ Аёмиддин, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом (ҲНИ) дар видеои нимсоатае, ки бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” намоиш дода шуд, хиёнаткориҳои роҳбарият ва фаъолони наҳзатиёнро фош сохт.
Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки Тоҷикистон ҳизби наҳзатиро бидуни шарту шароит фаъолияташро ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард ва бори дигар аз гуфтаҳои Аёмиддин Сатторов айён гардид, ки наҳзатиён ва роҳбарияти он кадом мақсадҳо доштанд ва кадом амалҳои тираву шумро анҷом доданд.
Дар навбати худ иштирокдорон низ баромад намуда, гуфтанд, ки имрӯз мо мардуми тоҷик ҳақиқатро эҳсос карда, шаддидан амалҳои ифтротии ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум месозем ва намегузорем, ки душманони давлату миллат амалҳои ғаразноки худро дар Ватани мо роҳандозӣ кунанд.