БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ҳунарҳои мардумӣ баҳри сайқал додани касбу ҳунарҳои миллӣ ба ҷавонон шароити хуб фароҳам овард

ВОСЕЪ. Бо мақсади ҷалби мардум ба оммавигардонии чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба ҳунарҳои миллии ниёгон ва саҳм гузоштан дар пешрафти зиндагии осоишта дар деҳаи Восеободи хурди ҷамоати деҳоти  ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳа чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова дар баромади худ ҷамъомадагонро бо иди  Қурбон табрику муборакбод гуфта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки  маҳз имрӯз, бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, халқи шарифи тоҷик имконияти беназир пайдо кардааст, ки нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро фаромӯш накарда, аз нав онҳоро эҳё кунад. Истеъдодҳои ҷавононро, ки ба омӯзиш ва истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат мебанданд, ҷиҳати сайқал додани касбу ҳунар ва малакаашон дастгирӣ намоянд.

Зимнан мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила зикр намуд, ки иқдоми Роҳбари давлат, хусусан барои занону модарони мо шароити мусоид фароҳам овардааст, ки барои хубтар кардани сатҳу сифати зиндагиашон кӯшиш ба харҷ дода, бо василаи аз нав эҳё кардани ҳунарҳои мардумии аҷдодии худ номи неки гузаштагонамонро низ дар саҳифаҳои таърихи миллат нақшбандӣ намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg