БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон масъули ҳимояи генафонди миллат ҳастанд!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи шаҳр» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада, оид ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки бемориҳои сироятӣ аз се омили асосӣ таркиб ёфтаанд,  манбаи сироят, ноқили ангезанда,  одамони ба сироят ҳассос.

Дар давраи рӯ ба беҳбудӣ овардани беморӣ нишонаҳои асосии он кам мегарданд, ҳарорати бадан тадриҷан ё зуд паст мешавад, бемор шифо меёбад ё беморӣ музмин давом мекунад ва бояд тамоми шаҳрвандон тарзи дурусти истифодабарии маводҳои ғизоиро хуб донанду аз тарзи ҳаёти солим кор бигиранд. Сипас, дар идома оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg