БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суҳбат бо омӯзгорон дар доираи аксияи ҳизбии “Мактаб – даргоҳи маърифат”

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон   бо кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳия вобаста ба аксияи ҳизбии “Мактаб – даргоҳи маърифат” суҳбату вохӯрӣ баргузор гардида, масъулон ҷиҳати ҷалби ҳар чи бештари духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот ва аҳмияти таҳсил барои духтарон суханронӣ намуданд. 

Зимнан масъулин  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби  тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  омодагии ҳамаҷониба ба таҳсили  нави  хониш, фаро гирифтани  насли наврасу ҷавон ба таҳсил,  муҳаё сохтани шароити хуб барои  фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ,  риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла   аз нав эҳё намудани  касбу ҳунарҳои аз ниёгон ба мо мерос монда, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва сафарбар кардани  онҳо ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирӣ аз   шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу равияҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешарони намуда,  дар  ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба дарки  ҷамъомадагон расониданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg