БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳам сатҳи зиндагии худро баланд мегардонад ва ҳам ба мардум манфиат мерасонад

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола ва Нуруллоев Саъдулло бо сокинони маҳаллаи Москваи ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ гузарониданд.

Нахуст, Нуруллоев Саъдулло атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» суханронӣ намуд.

Сипас Сулаймонова Лола оид ба озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи Хатлон», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳои сатҳи маҳал» андешаронӣ намуда, занону бонувони ҳунармандро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват кард.

Дар ин раванд масъулин моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба мардум расонида, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани он раҳнамоӣ карданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg