БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли тақвияти робита бо маҳал ормонҳои мардуми деҳотро бароварда кард

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Баҳодурон”-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ дар доираи Соли  тақвияти робита бо маҳал,  бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, раиси ҷамоати деҳоти Гулистон Ҳалимзода Сафар, вакили Маҷлиси вакилони халқ Раҳмонов Файзиддин, аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан», шахсони обрӯманд, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳаҳои навтаъсис ва сокинони деҳаи мазкур даъват карда шуданд. Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар оғоз карда,  Истиқлолиятро хонаи обод, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан ҳисобида, волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик баҳогузорӣ  намуд. 

Инчунин, бо мақсади  ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон ва гирифтани  пеши роҳи бегонапарастию гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои  ифротию террористӣ, бо истифода аз усулҳои муосир боз ҳам  пурзӯр намудани ҷалби нерӯи ҷавонон, бахусус ҷавонони  деҳот ба корҳои  созандагию  бунёдкорӣ ва  ихтиёрӣ хизмат намудани онҳо дар сафи Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён чакандӯзӣ, либосҳо ва хӯрокҳои  миллии омоданамударо ба намоиш гузошта,  духтарон  бо беҳтарин либосҳои миллии бабарнамудаашон, ҳунармандони хушсалиқа, пиру барнои деҳа дар  чорабинии мазкур саҳми босазои худро гузоштанд.

Сипас,  ба аъзо ва фаъолони  ҲХДТ  аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  барои  иштирок  ва  саҳми босазои худро гузоштан дар чорабинии  мазкур Сипосномаи ҳизбӣ тақдим карда шуданд.

Дар охир бахши фарҳанг, аъзои ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”-и  шаҳри Левакант таъби ҳозиринро бо сурудҳои дилнишинашон болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg