БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои тарғиботӣ миёни ҷавонон барои аз байн бурдани таассуби динӣ ва ҳурофотпарастӣ

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули он дар мактаби ронандагии Иттифоқи автомобилчиёни ноҳия дар байни касбомӯзону устодон хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар рафти баргузории хониши сиёсӣ масъулин аз рӯи  Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба иштирокдорон маълумоти зарурӣ пешкаш намуданд. Инчунин масъулин оид ба самаранок истифода бурдани сомонаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ, ки ҷавонони моро бештар бо ин роҳ гумроҳ мекунанд маълумоти зарури дод. Қайд намуд, ки мо бояд дар муқобили онҳо ҷавобҳои асоснок навишта,  нагузорем, ки тарафдорону ҳаммаслакҳои онҳо зиёд гарданд. Инчунин,  аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки касоне, ки бо мақсаду дилу нияти бад тарки кишвар намудаанд, ихтиёран ба Ватан баргарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg