БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон бо дастони мӯъҷизаофарашон ба беморон дармон мебахшанд

БАЛҶУВОН. Мавриди зикр аст, ки дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ” бо кормандони соҳаи тибб доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Зимнан масъулин иштирокдоронро бо  моҳияти Аксияҳои тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро шинос карда, иброз дошт, ки  Аксияи мазкур барои беҳбудии зиндагии мардум  ва ободии Ватан равона карда шудааст, ҳар як фарди солимфикри ҷомеаро зарур аст, дар татбиқи он  саҳми арзандаи  худро гузорад.

Инчунин, дар суҳбат қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат табибон дар ҷомеа нақши муҳиму созгор доранд, ва бо дастони муъҷизаофару шифодиҳандаашон ба  беморон дармон мебахшанд.

Дар идомаи вохӯрӣ  масъулин оид ба иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ибрози андеша намуда, аз онҳо барои иҷрои саривақтии  нақшаи обуна  даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg