БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг баёнгари таърихи гузаштаву муосири халқияту миллатҳост!

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Касри фарҳанги ноҳия бо иштироки аҳли заҳмати Фарҳанг вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар вохӯри муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Саёҳат Абдуллоева оид ба баланд бардоштани фарҳангу маданияти мардум, мусоидат дар пешбурди рушди китобхонаҳои деҳот, баргузории конфронсу мизҳои мудаввар, пайравӣ аз  сиёсати хирадмандона ва созандаи ҲХДТ, хоса Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ- ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ , тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  вокуниши  фаврӣ  ба  маводҳои  интиқодии  бебунёд  дар  васоити  ахбори  омма  ва  шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи  идеологӣ  бар  зидди  терроризм экстремизм  ва  пешгирии  гаравиши  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои  тундгаро, баргузории  чорабиниҳо  ба  хотири  огоҳ  кардани  аҳолӣ  ва  пешгирии  онҳо  аз  гаравиш ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  дар  кишвар  мамнуъи  ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи  24  андешаронӣ намуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» яке аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии фаъол буда, дар ихтиёри худ 80 нафар аъзои ҳизбро дар ноҳия сарҷамъ кардасст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg