БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об сарчашмаи ҳаёту покизагист

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоӣ «Тарзи ҳаёти солим» хониши сиёсиро вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор  намуданд.          

Хониши сиёсиро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор кушода,  дар рафти суханрониаш оид ба самтҳои фаъолияти ҲХДТ оғози Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” андешаронӣ намуда, афзуд, ки об ягона мӯъҷизаи худовандист, ки ҳаёти тамоми ҷонзоди башарӣ, паррандагону ҳайвонот, дарахтону наботот ва кулли покию тозагӣ ба он иртиботи ногусастанӣ дорад. Об месабзонад, нашъунумо мебахшад, покӣ ва файзу баракат  меорад.

Инчунин, дар идомаи хониши сиёсӣ мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим ҷиҳати бо дастовардҳои баланди меҳнати ҷамъбаст намудани Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  Соли тақвияти  робита  бо  маҳал  суханронӣ  карда, аз ҷамъомадагон барои  дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ  ва даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg