БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ дар ҳама давру замон ҷойгоҳи худро доранд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли xорӣ дар деҳаи ба номи Бахтиёр Карабоеви ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти  робита бо маҳал, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устуор, солҳои 2018-2028» ва инчунин эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар назди сокинони деҳа андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки мо мардуми ҳунарманди тоҷик  аз азал бо ҳунару истеъдоди худ дар ҷаҳон маъруфу машҳур гаштаем ва минбаъд низ  анъанаҳои неки ниёгонро ба ҷавонон омӯзонем ва  аз нав онҳоро эҳё кунем.

Дар охир масъулин аз намоиши ҳунару истеъдоди  занону  бонувони ҳунарманд аз наздик дидан карда,  ба онҳо барои боз ҳам рушд додани соҳаи ҳунармандӣ тавсияҳои судманд доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg